Таъсиси кумитаҳои маҳаллии деҳот дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ

Дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб дар чор деҳа кумитаҳои маҳаллӣ таъсис дода шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳо супурда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҷамоат Ҳошим Абдулҳақов иттилоъ дод, акнун идоракуниву рушди деҳаҳои Гулзор, Гулобод, Навобод ва Чанор ба дӯши онҳо вогузор мегардад. Мувофиқи оинномаи тасдиқшуда, ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ дафтари корӣ, муҳри расмӣ ва суратҳисоби мустақил […]

Турко Дикаев


Дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб дар чор деҳа кумитаҳои маҳаллӣ таъсис дода шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳо супурда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҷамоат Ҳошим Абдулҳақов иттилоъ дод, акнун идоракуниву рушди деҳаҳои Гулзор, Гулобод, Навобод ва Чанор ба дӯши онҳо вогузор мегардад. Мувофиқи оинномаи тасдиқшуда, ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ дафтари корӣ, муҳри расмӣ ва суратҳисоби мустақил дар бонкро доро буда метавонанд.

«Баъзан ҳукумати шаҳр ба мушкилоти деҳаи мушаххас расидагӣ карда наметавонад, аз ин рӯ, таъсиси чунин ташкилотҳо хеле муҳим буда, онҳо натанҳо аз мушкилоти мавҷуда ҳукуматдоронро огоҳ карда метавонанд, балки мустақилона бо кӯмаки ширкатҳои хусусиву созмонҳои мададрасони байнулмилалӣ ба ҳалли он он низ қодиранд», – гуфт вай.

Абдулҳақов таъкид намуд, ки тамоми корҳои тадорукотии таъсиси кумитаҳои маҳаллӣ дар 4 деҳа бо кӯмаки молӣ ва техникии созмони байнулмилалии OXFAM сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи афсари саҳроии барномаи соҳавии OXFAM Ҳабибулло Набиев, дар фурсати наздиктарин ба ин монанд кумитаҳо дар ноҳияҳои Восеъ (4 кумита) ва Мӯъминобод (1 кумита) низ таъсис дода мешаванд. «Дар марҳилаи минбаъдаи фаъолият ин кумитаҳо бо тухмиҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ таъмин гардида, гурӯҳҳои занони машғул ба кори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода мешаванд ва онҳо ба корҳои сердаромад дар майдонҳои кишт омӯзонида мешаванд», – афзуд номбурда. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.