Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонро доир намуд.
Дар ҷаласа роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва корхонаву муасиссаҳои тамоми бахшҳои хоҷагии халқи вилоят ширкат варзида, ба онҳо ҷиҳати омодагии мактабу бемористон ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба мавсими зимистон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Оқил Оқилов супориш дод, ки баҳри сарфаи нерӯи барқ, ки камбуди шадиди он дар ин давра эҳсос мегардад, ҳамаи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба истифодаи ангишт гузаронида шаванд.
Зимни ҳисоботи муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодуров зикр гардид, ки аллакай 25 корхонаи саноатии вилоят ба истифодаи ангишт гузашта, баҳри фаъолияти мунтазам дар фасли зимистон ба таври кофӣ ангишт захира намудаанд.
Бино ба маълумоти вай, дар зарфи 8 моҳи соли равон корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 1 млрд. 859,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки 120%-и нақшаи пешбинишударо ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 313, 3 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Муовини раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки то ахири сол мавриди истифода қарор гирифтани 99 корхонаи нав дар вилоят пешбинӣ шуда, аз оғози сол 73 корхонаву коргоҳ аллакай ба фаъолият шурӯъ кардаанд, ки дар онҳо 1 ҳазору 53 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.
Оқил Оқилов ҷиҳати афзоиши ҷойҳои корӣ, дастгирии соҳибкороне, ки баҳри истеҳсолот маблағгузорӣ карланианд, дастурҳои мушаххас дод.



