Чанде қабл дар Душанбе бо ёрии молиявии Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ, дар доираи лоиҳаи «Баробарӣ дар назди қонун: Дастрасӣ ба адолати судӣ», ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ амалӣ карда мешавад, клиникаи ҳуқуқӣ кушода шуд.
Тавре аз намояндагии Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон хабар доданд, дар клиника 30 донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ва 4 нафар устодони донишгоҳ кор хоҳанд кард. Ҳаррӯза 5 донишҷӯ ба сокинони мӯҳтоҷи давлат ёрии ҳуқуқии бемузд мерасонанд. Маслиҳатҳо аз тарафи донишҷӯёни курсҳои болоӣ бо сарварии муаллимони ботаҷриба дода мешавад.
Клиникаи ҳуқуқӣ – ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, мақсади он ёрии бемузд расонидан ба аҳолӣ мебошад. Аслан клиникаҳои ҳуқуқӣ дар назди мактабҳои олӣ кушода мешавад, то ки ба донишҷӯён имконияти гирифтани таҷрибаи мушовирӣ, ба устодон бошад, сатҳи корозмудагии худро нигоҳ дошта, дониши назариявиро дар амал нишон диҳанд.
Дар маросими кушодашавии клиника проректор оид ба таълим, Абдусалом Миралиев, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ Қудрат Давлатов, декани факултаи ҳуқуқ – Эмомалӣ Насурдинов, раиси Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ, Равшан Абдуллоев ва менеҷери лоиҳаи «Баробарӣ дар назди қонун: Дастрасӣ ба адолати судӣ» Азимҷон Сайфиддинов ва донишҷӯёни донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок карданд.



