Мусодираи 2 кг героин дар пойтахту 9 кг ҳашиш дар Восеъ


Зимни амалиёти махсуси кормандони милисаи ноҳияи Восеъ дар қаламрави истгоҳи роҳи оҳан сокини 32-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ Амиршо Гулаҳмадов ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар бордони автомашинаи тамғаи «Нексия»-и ӯ халтаи дорои 8,8 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомони пойтахт сокини маҳаллаи Испечаки пойтахт Бобур Давлатов низ дастгир карда шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалатаи ӯ 1 килою 990 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.  

spot_imgspot_img

Популярное