Дар шаҳри Душанбе барои дарафтодан ба як ҷавон се тан, аз ҷумла се нафар толибилмони мактаби таҳсилоти умумӣ боздошт шуданд. Онҳо ба сокини 18-соаи пойтахт Илҳом Холов дарафтода, ӯро латукӯб ва бо корд якчанд зарба мезанад. Ҷавони захмгирифта дар бемористон бистарӣ шуда, айни замон таҳти назорати табибони пойтахт қарор дорад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохили ҷумҳурӣ, соати 21-у 30 дақиқаи шоми рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон панҷ тан ба И.Холов дарафтода ӯро бо корд захмӣ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 18-солаи шаҳри Душанбе Иброҳим Сафаров, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод Анвари Шамсиддини 21-сола ва толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии № 10 ва № 58-и шаҳри Душанбе – Самариддин Каримов, Алишер Сафаров ва Дилшоди Исроил боздошт шудаанд.



