Нигаронии Вазорати нақлиёт аз вазъи баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз вазъи баъзе қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ изҳори нигаронӣ кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт, чанде қабл муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров аз вазъи баъзе қитъаҳои вайроншудаи роҳи Душанбе-Чаноқ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин супориш дод, ки онҳоро зудтар ислоҳ намоянд. «Зимистони гузашта ба мо сабақҳои зиёд дод, аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз вазъи баъзе қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ изҳори нигаронӣ кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт, чанде қабл муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров аз вазъи баъзе қитъаҳои вайроншудаи роҳи Душанбе-Чаноқ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин супориш дод, ки онҳоро зудтар ислоҳ намоянд.

«Зимистони гузашта ба мо сабақҳои зиёд дод, аз ин рӯ, бояд тамоми муассисаҳову идораҳо бечунучаро ба фаслҳои тирамоҳу зимистон омодагии хуб дошта бошанд», – изҳор доштааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти раҳбарии ширкати Innovative Road Solution LTD (IRS), ки ба идоракунии зербинои роҳи мошингарди пулакии Душанбе-Чаноқ машғул аст, фаъолияти худро қаноатбахш арзёбӣ мекунад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати IRS, дар ҷаласаи чанде қабл дар ширкат доиргардида, зикр шудааст, ки корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 дар ҳамаи намояндагиҳои минтақавии филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ бомаром идома дошта, намояндагиҳои минтақавии Варзоб, Зарафшон ва Суғди филиал кӯшиш ба харҷ дода истодаанд то тамоми корҳоро тибқи нақша дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.