Ташрифи муовини аввали нахуствазири Русия ба Тоҷикистон

Шоми рӯзи панҷшанбе муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Душанбе ташриф овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳайати Русияро, ки ба он сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский низ шомил аст, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов истиқбол гирифт. Нимаи дуюми имрӯз мулоқоти […]

Аваз Юлдошев


Шоми рӯзи панҷшанбе муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Душанбе ташриф овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳайати Русияро, ки ба он сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский низ шомил аст, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов истиқбол гирифт.

Нимаи дуюми имрӯз мулоқоти И.Шувалов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, ки дар ҷараёни он баррасии маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин назаранд, ки Игор Шувалов дар ҳукумати кунунии Русия ба масоили молиявӣ масъул буда, сафари дурӯзаи ӯ ба Тоҷикистон маънои онро дорад, ки шартномаи нави ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба наздикӣ ба имзо мерасад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи августи соли равон дар арафаи имзои шартномаи ҳузури минбаъдаи низомиёни Русия дар Қирғизистон маҳз Шувалов ба ин кишвар сафар карда, дирӯз зимни сафари президенти Русия ба Қирғизистон шартномаи мазкур ба имзо расид.

Он замон васоити ахбори умуми Русия иттилоъ дода буданд, ки ба Игор Шувалов муяссар гардид, тамоми масоили муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамсояро, ки тайи солҳои ахир нисбати онҳо ихтилофҳо ҷой доштанд, муваффақона ҳал намояд.

Ҳамчунин худи Шувалов низ дар Бишкек изҳор карда буд, ки президенти Русия ӯро вазифадор намудааст, ки «бидуни қарордодҳои мувофиқашуда барнагардад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.