Ҳамагӣ 13%-и аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранд

Дата:


Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13%-и аҳолӣ аз шабакаи Интернет истифода мекунад.

Дар маълумоти гузориши Комиссияи СММ оид ба алоқаи хатти васеъ гуфта мешавад, дар 177 кишвари дунё шумори корбарони шабакаи Интернет афзуда, айни замон дар саросари ҷаҳон 2,26 млрд. нафар ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд.

Аз нигоҳи фарогирии аҳолӣ ба шабакаи Интернет Исландия пешсаф буда, дар ин кишвар 96%-и аҳолӣ аз Интернет истифода мекунанд. Дар Олмон сатҳи фарогирии аҳолӣ ба Интернет 83%, ИМА – 77,9%, Русия – 49% ва Чин – 38,5-ро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳанда дар собиқ кишварҳои шӯравӣ ба тариқи зайланд: Эстония – 76,5, Латвия – 71,7, Литва – 65,1, Озарбойҷон – 50, Қазоқистон – 45, Белорус – 39,6, Молдова – 38, Гурҷистон – 36,6, Украина – 30,6, Ӯзбекистон – 30,2, Қирғизистон – 20 ва Туркманистон – 5%.

Кишварҳои Гвинея, Нигер, Сомали, Эфиопия дар мақоми охирини ин ҷадвал қарор гирифта, шумори корбарони Интернет дар ин давлатҳо ҳудуди 1%-и аҳолиро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи корбарон бо забони англисӣ 27%, чинӣ – 24% ва испанӣ – 8%-ро ташкил медиҳад. Ба даҳгонаи аввали забонҳои бештар мавриди истифода қарордошта забони русӣ низ шомил буда, ба 59,7 млн. нафар корбарон баробар аст.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное