М.Ашӯров: «ВАО барои такрори рӯйдодҳои Хоруғ шароит муҳайё мекунанд»

«Дар як қатор васоити ахбори умум маводҳое дарҷ ёфтанд, ки дар онҳо амали ҷинояткоронро дуруст маънидод намуданд (рӯйдодҳои моҳҳои июл ва августи Хоруғ дар назар аст), – изҳор кард санаи 24-уми сентябр дар Машварати САҲА мудири шуъбаи ҳуқуқҳои конститутсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Музаффар Ашӯров. – Баъзе ВАО барои такрори рӯйдодҳои Хоруғ шароит муҳайё мекунанд». […]


«Дар як қатор васоити ахбори умум маводҳое дарҷ ёфтанд, ки дар онҳо амали ҷинояткоронро дуруст маънидод намуданд (рӯйдодҳои моҳҳои июл ва августи Хоруғ дар назар аст), – изҳор кард санаи 24-уми сентябр дар Машварати САҲА мудири шуъбаи ҳуқуқҳои конститутсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Музаффар Ашӯров. – Баъзе ВАО барои такрори рӯйдодҳои Хоруғ шароит муҳайё мекунанд».

Зимни суханронӣ дар машарати мазкур намояндаи ОИ «Азия-Плюс» Олга Тутубалина изҳор намуд, ки тайи моҳҳои ахир Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои ватанӣ ва русиягиро қатъ кард. «Зимни ҳар ташаннуҷи вазъи иқтисодӣ ё сиёсӣ сомонаҳо баста мешаванд, – гуфт ӯ. – Васоити ахбори умуми расмӣ дар бораи рӯйдодҳои Хоруғ маълумоти кофӣ пешниҳод накарданд. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ аҳолии осоишта ба ҳалокат расид, зеро ҳукуматдорон ба ҷойи бехавф кӯчонидани онҳоро зарур надонистанд».

Дар посух ба ин изҳорот Музаффар Ашӯров гуфт, «телевизиони давлатӣ дар робита ба рӯйдодҳои Хоруғ 60 гузориш таҳия ва пахш намуд».

Намояндаи ОИ «Азия-Плюс» ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷаласаи Кумитаи СММ вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи озодии баён ва матбуот риоя карда мешавад, аммо дар ҳамон рӯзҳо медиа-холдинги «Азия-Плюс» бобати муроҷиат ба додгоҳ нисбати Хадамоти алоқа барои қатъи дастрасӣ ба сомона иттилоъ дод.

Роҳбари Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон Наргис Зокирова зимни суханрониаш бо такя ба маълумоти Анҷумани миллии воситаҳои ахбори омммаи мустақили ҷумҳурӣ зикр кард, ки тайи моҳҳои ахир Хадамоти алоқа дастрасӣ ба 15 сомонаи хабаргузориҳоро ғайриқонунӣ қатъ намудааст. «Мавқеи ширкатҳои фароҳамсози интернет низ нигаронкунанда аст, зеро онҳо супориши Хадамоти алоқаро иҷро намуда, ба поймолкунии ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шарик мегарданд», – гуфт ӯ.

Н.Зокирова аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ба қатъи ғайриқонунии дастрасӣ ба сомонаҳо хотима бахшида, ин масоил дар доираи қонуну ҳуқуқ бо назардошти ҳуқуқҳои конститусионии шаҳрвандон ба маълумот ҳаллу фасл гардад.

Намояндаи ОИ «Азия-Плюс» ҳамчунин қайд кард, ки «амали ҳукумати Тоҷикистон оид ба қатъи дастрасӣ ба сомонаҳоро Иттиҳоди Аврупо, САҲА, ИМА ва дигар кишварҳо мавриди интиқод қарор доданд, вале аз он ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд».

Дар посух ба ин интиқод намояндаи Дастгоҳи президени Тоҷикистон изҳор намуд, ки масоили аз ҷониби намояндаи ОИ «Азия-Плюс» ва Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон дар доираи қонунгузорӣ баррасӣ ва таҳлил мешаванд.

Дар анҷоми суханронӣ О.Тутубалина таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки САҲА бо кадом натиҷа ба анҷом расидани изҳороташро пайгирӣ намекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.