«Газпром» ба таҳқиқоти майдони нав дар Тоҷикистон оғоз мекунад

Date:


Дар Маскав зимни мулоқоти вазири энергетика ва санаоти Тоҷикистон Гул Шералӣ бо директори иҷрокунандаи ширкати Gazprom International Валерий Гуляев ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои ширкати «Газпром» оид ба корҳои иктишофиву ҷустуҷӯии газу нафт дар майдонҳои ояндадори Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати Gazprom International, дар мулоқот зикр шудааст, ки аз моҳи декабри соли 2010 дар чоҳи ҷустуҷӯии «Шаҳринав-1п» аз чуқурии лоиҳавии 6 300 метр то чуқурии 49883 метр корҳои пармакунӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Валерий Гуляев изҳор кардааст, ки ояндаи наздик ширкат дар майдони навбатии ояндадори Шоҳамбарии Ғарбӣ ба корҳои ҷусутӯҷӯиву иктишофӣ оғоз мебахшад.

Дар навбати худ Гул Шералӣ аз ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳарчи бештар тақвият бахшидан ба корҳои ширкат дар ҷумҳуриро таъкид кард.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои асосии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...