Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов мутмаин аст, ки сафари қарибулвуқӯи президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон танҳо хусусияти «дидори самимият»-ро надошта, ӯ аз ин боздид натиҷаҳои муассирро интизор аст.
Ба андешаи ӯ, воқеияти имрӯз гувоҳи онанд, ки агар Русия дар таҳкими муносибатҳояш бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус дар бахши иқтисод иқдоми муассир пеш нагирад, дар як фурсати кӯтоҳе метавонад мавқеаш дар ин минтақаро аз даст бидиҳад.
«Андешаҳои дар баъзе доираҳо пайдошуда доир ба ин боздид, ки дар сафари Путин ба Душанбе асосан масоили тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави ҷумҳурӣ, мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ баррасӣ мешаванд, асоси воқеӣ надоранд, – муътақид аст Шабдолов. – Дар ниҳояти кор имрӯз дар Русия ба дарки он расида истодаанд, ки истифодаи имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад ба пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва корхонаву муассисаҳои саноати энергетикаи Русия миллиардҳо фармоиш ба вуҷуд оварад ва иштирок дар амалисозии лоиҳаҳое ба мисли нерӯгоҳи «Роғун» ё CASA-1000 ба таҳкими ҳузури Русия дар минтақаи бузурги Осиё шароити мусоид муҳайё месозад».
Ғайр аз ин, ба андешаи Шабдолов, масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахшҳои илму фарҳанг ва маориф низ набояд аз таваҷҷуҳи сарони кишварҳо дур бимонад. «Имрӯз бахши илмҳои дақиқи Тоҷикистон, аз қабили зилзилашиносиву физикаи ядроӣ ва таҳқиқоти кайҳон бидуни фармоишоти Русия қариб беамал мондаанд», – афзуд вакили парлумони Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Галия Рабиева бар ин назар аст, ки сафари президенти Русия ба Тоҷикистон бояд ба сардиву шиддати ҷойдошта дар муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо хотима бахшад. Ба қавли ӯ, чунин сардии муносибатҳо асосан дар масоили ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникии кишварҳо ба мушоҳида мерасанд. «Сиёсати мутавозини сарвари давлати Русия ба он умедвор месозад, ки ин сафари ӯ ба нафъи ҳарду кишвар анҷом хоҳад ёфт», – афзуд Г.Рабиева.


