Шикасти дастаи футболи наврасон дар даври ниманиҳоӣ

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми президенти Туркманистон аз тими мизбони Туркманистон бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрд. Бино ба маълумоти ВАО-и Туркманистон, дар вохӯрии дуюми даври ниманиҳоии мусобиқот футболбозони навраси тими мунтахаби Украина бо душвории зиёд дар иҷрои зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 3 бар 0 дастаи […]

Аваз Юлдошев


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми президенти Туркманистон аз тими мизбони Туркманистон бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Туркманистон, дар вохӯрии дуюми даври ниманиҳоии мусобиқот футболбозони навраси тими мунтахаби Украина бо душвории зиёд дар иҷрои зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 3 бар 0 дастаи Русияро мағлуб кардаанд.

Фардо соати 10:00 дар вохӯрӣ барои ишғоли зинаи сеюм дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия ва шоми ҳамин рӯз дар бозии ниҳоӣ дастаҳои Украинаву Туркманистон ба ҳам қувваозомӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки маблағи мукофотпулии Ҷоми президенти Туркманистон 35 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби мусобиқотро 20 ҳазор ва дастаҳои зинаҳои дуюму сеюмро мутаносибан 10 ва 5 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ интизор аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.