Иштироки Зарифӣ дар мулоқоти роҳбарони ВКХ кишварҳои СПАД

Дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 67-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкат варзид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти мулоқоти мазкур вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 67-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкат варзид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти мулоқоти мазкур вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои аъзои Созмон дар мавриди масъалаҳои калидӣ ва актуализатсияи дастурҳои дастаҷамъӣ ба намояндаҳои доимии кишварҳои аъзои СПАД дар созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот баёнияҳои муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СПАД оид ба Сурия ва вазъият атрофи Эрон қабул гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, худи ҳамон рӯз дар Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов  ҳамоҳангсози минтақавӣ/Намояндаи минтақавии СММ оид ба умури паноҳандагон барои Осиёи Марказӣ Сабер Азамро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд (апатридҳо) дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, нақши Тоҷикистон дар татбиқи Эъломияи Алмато оид ба муҳоҷират ва ғайра муҳокима шуданд.

Ҳамчунин вохӯрии Низомиддин Зоҳидов бо Фиристодаи Оғо Хон Султон Аллана баргузор гардида, дар рафти мулоқот масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаи сохтани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар шаҳри Хоруғ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.