Ҷаласаи Комиссияи маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ

Чанде қабл таҳти раёсати муовини нахуствазири ҷумҳурӣ ва раиси Комисиияи ҷумҳуриявии даъвати навбатӣ ба хизмати ҳамии ҳарбӣ Руқия Қурбонова ҷаласаи комиссияи мазкур доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони ҳукуматҳои маҳалли шаҳру навоҳӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ташкилотҳои собиқадорон ширкат варзиданд. Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл таҳти раёсати муовини нахуствазири ҷумҳурӣ ва раиси Комисиияи ҷумҳуриявии даъвати навбатӣ ба хизмати ҳамии ҳарбӣ Руқия Қурбонова ҷаласаи комиссияи мазкур доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони ҳукуматҳои маҳалли шаҳру навоҳӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ташкилотҳои собиқадорон ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масоили ташкили маъракаи даъвати навбатӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, муоинаи тиббии хушсифати даъватшавандагон ва фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстии насли наврас ва дигар масоили тадорукотӣ баррасӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо

намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1985-1994 ба хизмати ҳарбӣ», шурӯъ аз 1-уми октябр маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад.

Тибқи қонун, ба хизмат шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – нерӯҳои низомии зудамал, хушкигард, дифоъи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои низомии ҳавоӣ иборат аст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.