Вохӯрии роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии кишварҳои «Чоргонаи Душанбе»

Имрӯз дар муҷтамеи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт вохӯрии навбатии роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Покистону Афғонистон ва Тоҷикистону Русия ё ба истилоҳ давлатҳои узви «Чоргонаи Душанбе» баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ вазири мубориза бо маводи мухаддири ҶИА Зарор Аҳмад Муқбили Усмонӣ, котиби Вазорати  мубориза бар […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар муҷтамеи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт вохӯрии навбатии роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Покистону Афғонистон ва Тоҷикистону Русия ё ба истилоҳ давлатҳои узви «Чоргонаи Душанбе» баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ вазири мубориза бо маводи мухаддири ҶИА Зарор Аҳмад Муқбили Усмонӣ, котиби Вазорати  мубориза бар зидди маводи мухаддири ҶИП Ҷовид Иқбол, директори ХФНМН ФР Виктор Иванов вадДиректори АНМН  Рустам Назаров иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили рафти иҷрои созишномаву қарордодҳои қаблан баимзорасида миёни мақомот дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, иҷрои тарҳи ба истилоҳ «Харитаи роҳ» оид ба пешгирии паҳншавии маводи мухаддири афғонӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ изҳороти муштараки роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасад. Ҳамчунин дар доираи ҳамоиши мазкур баргузории мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони хадамоти зиддимухаддиротии кишвар тарҳрезӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.