Бунгоҳи тиббӣ дар яке аз деҳаҳои Конибодом

Дар шаҳраки Дӯстии ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом, ки бо Ӯзбекистон ҳаммарз аст, аз ҳисоби буҷети шаҳр сохтмони як бунгоҳи нави тиббӣ ба итмом расонида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, муассисаи нави тиббӣ дар бинои дуошёнаи собиқ Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Патар» воқеъ буда, таъмиру азнавсозӣ шудааст ва дорои 35 […]

Акмал Алиев


Дар шаҳраки Дӯстии ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом, ки бо Ӯзбекистон ҳаммарз аст, аз ҳисоби буҷети шаҳр сохтмони як бунгоҳи нави тиббӣ ба итмом расонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, муассисаи нави тиббӣ дар бинои дуошёнаи собиқ Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Патар» воқеъ буда, таъмиру азнавсозӣ шудааст ва дорои 35 кат мебошад.

Муассисаи тиббӣ аз шуъбаҳои табобати кӯдакону калонсолон, таваллудхона ва кабинетҳои физиотерапевтиву озмоишгоҳ иборат аст, ки бо таҷҳизоти муассири зарурӣ таъминанд.

Раёсати тандурустии вилоят ин муассисаро бо дастгоҳҳои ЭКГ, дефибриллятор, 2 адад катҳои махсус барои таваллуд ва дастгоҳу таҷҳизот барои озмоишгоҳ таъмин намуд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи тибби мазкур аксари мушкилоти марбут ба солимии аҳолии ҷамоат ҳал шуда, акнун сокинони маҳалро зарур намеояд, ки барои табобат ба беморхонаҳои шаҳриву вилоятӣ роҳ пеш гиранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.