Нигаронии Ғ.Афзалов аз бахши тандурустии вилояти Хатлон

Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов аз ғайримақсаднок истифода гардидани маблағҳои буҷетӣ дар муассисаҳои низоми тандурустии вилоят изҳори нигаронӣ намуд. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ӯ изҳор кард, ки дар як қатор муассисаҳои тандурустии вилоят зимни санҷиши агентии зиддифасод далелҳои азхудкунӣ ё ғайримақсаднок истифода шудани воситаҳои давлатӣ ошкор шудаанд. Ба гуфтаи […]

Сайраҳмон Назриев


Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов аз ғайримақсаднок истифода гардидани маблағҳои буҷетӣ дар муассисаҳои низоми тандурустии вилоят изҳори нигаронӣ намуд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ӯ изҳор кард, ки дар як қатор муассисаҳои тандурустии вилоят зимни санҷиши агентии зиддифасод далелҳои азхудкунӣ ё ғайримақсаднок истифода шудани воситаҳои давлатӣ ошкор шудаанд.

Ба гуфтаи вай, дар муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии Хуросон 46,6, Румӣ – 88, Кӯлоб – 10,4, Норак – 43,4, Шӯрообод – 19,1, Бохтар – 19,1 ва Восеъ – 16,9 ҳазор сомонӣ маблағи зарар ошкор гардидааст.

«Табиб Муқаддас Бойматова зимни гирифтани пора дар ҳаҷми 850 сомонӣ барои ҷарроҳӣ бо далели шайъӣ боздошт гардида, сардухтури таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб Анварбӣ Сафарова писари худро ба вазифаи барномасоз ҳуҷатгузорӣ намуда, ба ҷойи ӯ маош мегирифтааст ва дар давоми солҳои 2010-2012 ба ин тариқ 3 ҳазор сомонӣ маблағҳои давлатиро азхуд намудааст», – иброз дошт раиси вилоят.

Ғайбулло Афзалов ба мақомоти раҳбарии бахши тандурустии вилоят супориш дод, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатиро дар ин соҳа таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.