Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов аз ғайримақсаднок истифода гардидани маблағҳои буҷетӣ дар муассисаҳои низоми тандурустии вилоят изҳори нигаронӣ намуд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ӯ изҳор кард, ки дар як қатор муассисаҳои тандурустии вилоят зимни санҷиши агентии зиддифасод далелҳои азхудкунӣ ё ғайримақсаднок истифода шудани воситаҳои давлатӣ ошкор шудаанд.
Ба гуфтаи вай, дар муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии Хуросон 46,6, Румӣ – 88, Кӯлоб – 10,4, Норак – 43,4, Шӯрообод – 19,1, Бохтар – 19,1 ва Восеъ – 16,9 ҳазор сомонӣ маблағи зарар ошкор гардидааст.
«Табиб Муқаддас Бойматова зимни гирифтани пора дар ҳаҷми 850 сомонӣ барои ҷарроҳӣ бо далели шайъӣ боздошт гардида, сардухтури таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб Анварбӣ Сафарова писари худро ба вазифаи барномасоз ҳуҷатгузорӣ намуда, ба ҷойи ӯ маош мегирифтааст ва дар давоми солҳои 2010-2012 ба ин тариқ 3 ҳазор сомонӣ маблағҳои давлатиро азхуд намудааст», – иброз дошт раиси вилоят.
Ғайбулло Афзалов ба мақомоти раҳбарии бахши тандурустии вилоят супориш дод, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатиро дар ин соҳа таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.


