Фавти 5 тоҷикистонӣ дар сӯхтори корхонаи коркарди нафти Русия

Date:


Дар сӯхторе, ки рӯзи 29-уми сентябр дар корхонаи коркарди нафти вилояти Ханти Мансийск ба вуқӯъ пайваст, панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, корхонаи коркарди нафти мутааллиқ ба ширкати «Инвест-Ойл» миёни вилоятҳои Тюмен ва Ханти-Мансийск воқеъ буда, майдони сӯхтор 2,3 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Шаҳрвандони фавтидаи тоҷик дар сӯхтор инҳо мебошанд: Олимҷон Сатторов, соли таваллуд 1968; Одил Олимов, соли мавлуд 1971; Қодирҷон Ҳамроқулов, соли мавлуд 1975; Ҳаким Боқиев, соли мавлуд 1986 ва Салимҷон Тошматов, соли мавлуд 1975. Ҳамаи онҳо дар ин корхона машғули кор буданд.

Боз як шаҳрванди Тоҷикистон Абдунабӣ Эгамбердиеви 38-сола бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ аст.

Ба иттилои манбаъ, тамоми хароҷоти ба ватан фиристодани ҳалокшудагонро Раёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Ханти Мансийск ва ширкати «Инвест Ойл» ба зимма гирифтаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...