Таъмини фурӯши ҳамарӯзаи 300 тонна орд дар пойтахт

Ахири ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибкорону тоҷирони ба воридоту фурӯши яхлухт ва чаканаи  ғаллаву орд дар бозори истеъмолии шаҳри Душанбе машғулиятдошта, директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ машврат доир кард. Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, раиси шаҳр таваҷҷӯҳи иштирокдоронро  ба ғановати бозори истеъмолӣ, роҳ надодан ба […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибкорону тоҷирони ба воридоту фурӯши яхлухт ва чаканаи  ғаллаву орд дар бозори истеъмолии шаҳри Душанбе машғулиятдошта, директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ машврат доир кард.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, раиси шаҳр таваҷҷӯҳи иштирокдоронро  ба ғановати бозори истеъмолӣ, роҳ надодан ба таври стихиявӣ ва  бе асосҳои иқтисодию сӯистифода кардан аз қобилияти харидории сокинони шаҳр болобарии нарх ба дилхоҳ маҳсулот нигаронида, баҳри дастгирии истеъмолкунандагони  пойтахт соҳибкоронро ба адлу инсоф даъват намуда, баҳри пешгирӣ аз болоравии нархи орд дар бозорҳои шаҳр КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе“ ва директорони бозорҳои коммуналию хусусии шаҳрро муваззаф сохт, ки интиқолу фурӯши ордро дар бозорҳо таъмин созанд.

Ҳамзамон, муқаррар сохт, ки барои Агентии захираҳои моддии ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ба воридоту фурӯши яхлухти орд машғулбуда, дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр 28 ҷойҳои савдои орд ташкил карда шавад ва аз 1 октябри соли 2012 на кам аз 300 тонна ҳамарӯза орд бо  нархи 150 сомонӣ барои як халта ба  фурӯш бароранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.