Фавти 5 тоҷикистонӣ дар сӯхтори корхонаи коркарди нафти Русия

Дар сӯхторе, ки рӯзи 29-уми сентябр дар корхонаи коркарди нафти вилояти Ханти Мансийск ба вуқӯъ пайваст, панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти як манбаъ аз Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, корхонаи коркарди нафти мутааллиқ ба ширкати «Инвест-Ойл» миёни вилоятҳои Тюмен ва Ханти-Мансийск воқеъ буда, майдони сӯхтор 2,3 ҳазор метри мураббаъро фаро […]

Аваз Юлдошев


Дар сӯхторе, ки рӯзи 29-уми сентябр дар корхонаи коркарди нафти вилояти Ханти Мансийск ба вуқӯъ пайваст, панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, корхонаи коркарди нафти мутааллиқ ба ширкати «Инвест-Ойл» миёни вилоятҳои Тюмен ва Ханти-Мансийск воқеъ буда, майдони сӯхтор 2,3 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Шаҳрвандони фавтидаи тоҷик дар сӯхтор инҳо мебошанд: Олимҷон Сатторов, соли таваллуд 1968; Одил Олимов, соли мавлуд 1971; Қодирҷон Ҳамроқулов, соли мавлуд 1975; Ҳаким Боқиев, соли мавлуд 1986 ва Салимҷон Тошматов, соли мавлуд 1975. Ҳамаи онҳо дар ин корхона машғули кор буданд.

Боз як шаҳрванди Тоҷикистон Абдунабӣ Эгамбердиеви 38-сола бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ аст.

Ба иттилои манбаъ, тамоми хароҷоти ба ватан фиристодани ҳалокшудагонро Раёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Ханти Мансийск ва ширкати «Инвест Ойл» ба зимма гирифтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.