Таъмини фурӯши ҳамарӯзаи 300 тонна орд дар пойтахт

Date:


Ахири ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибкорону тоҷирони ба воридоту фурӯши яхлухт ва чаканаи  ғаллаву орд дар бозори истеъмолии шаҳри Душанбе машғулиятдошта, директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ машврат доир кард.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, раиси шаҳр таваҷҷӯҳи иштирокдоронро  ба ғановати бозори истеъмолӣ, роҳ надодан ба таври стихиявӣ ва  бе асосҳои иқтисодию сӯистифода кардан аз қобилияти харидории сокинони шаҳр болобарии нарх ба дилхоҳ маҳсулот нигаронида, баҳри дастгирии истеъмолкунандагони  пойтахт соҳибкоронро ба адлу инсоф даъват намуда, баҳри пешгирӣ аз болоравии нархи орд дар бозорҳои шаҳр КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе“ ва директорони бозорҳои коммуналию хусусии шаҳрро муваззаф сохт, ки интиқолу фурӯши ордро дар бозорҳо таъмин созанд.

Ҳамзамон, муқаррар сохт, ки барои Агентии захираҳои моддии ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ба воридоту фурӯши яхлухти орд машғулбуда, дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр 28 ҷойҳои савдои орд ташкил карда шавад ва аз 1 октябри соли 2012 на кам аз 300 тонна ҳамарӯза орд бо  нархи 150 сомонӣ барои як халта ба  фурӯш бароранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...