Тасҳеҳи навбатии буҷети давлатӣ бо дархости ҳукумат

Date:


Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироти аз ҷониби ҳукумат  пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2012»-ро маъқул шумориданд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки бо пешниҳоди ҳукумат мазути барои эҳиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе воридмешуда дар ҳаҷми 30 ҳазор тонна аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши изофа озод карда мешавад. Маблағи умумии пардохтҳои озодшуда аз ин ҳисоб 34,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, вакилон ба аз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз аз арзиши изофа озод кардани воридоти технологияҳо барои эҳтиёҷоти корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада оид ба истихроҷи тило ва нуқра «Апрелевка» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ розигӣ доданд. Дар ин ҳолат маблағи умумии пардохтҳои озодшуда 12,5 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи муовини вазири молия, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани технологияҳои нав ин корхона метавонад дар як сол беш аз 2,2 тонна тило ва 7,7 тонна нуқра истеҳсол нкмояд.

Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ, қитъаи роҳи оҳани Хатлони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ аз пардохти ҳама гуна андозу боҷҳо озод карда шуд, зеро пас аз дар моҳи ноябри соли 2011 аз ҷониби Ӯзбекистон баста шудани ҳаракати қатораҳо тавассути ин роҳ беш аз 1 ҳазору 400 нафар коргарон бекор монда, қитъаи роҳ хисороти зиёди молӣ мебинад.

Вакилон ҳамчунин воридоти 20 сар говҳои хушзот аз Белорус аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва воридоти 20 адад автобусҳои мусофиркаш аз Олмон аз ҷониби ҶДММ «Азия-Эксперс»-ро низ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши изофа озод намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related