Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Чин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ба муносибати солгарди эълон шудани Чумҳурии Мардумии Чин ба раиси ин кишвар Ху Тсзинтао барқияи табрикотӣ ирсол намуд. Дар барқия зикр мегардад, ки давлати Чин тайи даҳсолаҳои охир дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ ба муваффақиятҳои шоёни таҳсин ноил гардида, дар арсаи ҷаҳон аз обрӯи баланд бархӯрдор буда, […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ба муносибати солгарди эълон шудани Чумҳурии Мардумии Чин ба раиси ин кишвар Ху Тсзинтао барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Дар барқия зикр мегардад, ки давлати Чин тайи даҳсолаҳои охир дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ ба муваффақиятҳои шоёни таҳсин ноил гардида, дар арсаи ҷаҳон аз обрӯи баланд бархӯрдор буда, ҳамеша ҷонибдори тамини амнияту суботи ҷаҳон аст.

«Тоҷикистон, чун ҳамсояи наздиктарини Чин, ки онро ҳазорҳо риштаҳои дӯстӣ бо ин кишвар пайваст менамоянд, ба ин дастовардҳо ҳамеша бо шавқу ҳаваси самимона назар мекунад, – баён мегардад дар барқия. – Мо анъанаҳои пуршарафи ҳамсоягии ҳақиқии нек, ҳисси самимонаи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳусни таваҷҷӯҳ нисбат ба якдигарро, ки халқҳоямонро бо риштаҳои канданашаванда пайваст менамоянд, қадр мекунем ва чун пештара ҷонибдори нигоҳ доштан ва афзун намудани ин анъанаҳои нек мебошем.

Дар барқия таъкид мегардад, ки Тоҷикистон аз вазъияти неки муносибатҳои дуҷониба ҳам дар бахши сиёсӣ ва ҳам дар бахшҳои иқтисодию гуманитарӣ ва, албатта, аз рушди босуръати мушорикати мутақобилан муфид, ки ҷавобгӯи манфиатҳои куллии ҳар ду халқ ва умуман минтақа мебошанд, басо қаноатманд аст. «Мо худи имрӯз ҳам метавонем, самараҳои сершумори ин ҳамкориро намоиш диҳем», – омадааст дар барқия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.