Муаррифии расмии китоби «Наҷотбахши миллат» дар Душанбе

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп (Big Media group) Тию Кейперсро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Тию Кейперс ба Эмомалӣ Раҳмон нусхаҳои нахустини китоби «Наҷотбахши миллат»-ро ки дар Аврупо бо забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ ба нашр расид, тақдим намуда, иттилоъ дод, ки маросими муаррифии […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп (Big Media group) Тию Кейперсро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Тию Кейперс ба Эмомалӣ Раҳмон нусхаҳои нахустини китоби «Наҷотбахши миллат»-ро ки дар Аврупо бо забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ ба нашр расид, тақдим намуда, иттилоъ дод, ки маросими муаррифии расмии ин китоб ва ҳам шумораи навбатии маҷаллаи THE EUROPEAN TIMES, ки пурра ба Тоҷикистон бахшида шудааст, рӯзи 3 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Тию Кейперс ва ҳайати эҷодии ширкати Биг Медиа Груп барои нашри ин китоб бо забонҳои англисию фаронсавӣ ва ҳам барои ба муаррифии Тоҷикистон бахшидани шумораи навбатии маҷаллаи THE EUROPEAN TIMES арзи сипос карда, таъкид дошт, ки чунин ҳамкорӣ минбаъд низ ба хотири шиносонии шоистаи ҷаҳониён бо таъриху тамаддуни гузаштаю имрӯзаи тоҷикон ва бо имконоти фарохи иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангии кишвари мо бояд идома ёбад. Шумораи ба Тоҷикистон бахшидашудаи маҷаллаи THE EUROPEAN TIMES бо теъдоди 500 ҳазор нусха чоп шуда, ҳамчунин дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҷойгир шудааст, ки аллакай беш аз 1 миллион хонандагон бо он шиносоӣ пайдо намудаанд.

Китоби «Наҷотбахши миллат», ки ба фаъолияти гуногунпаҳлуи Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар зарфи 20 соли истиқлоли кишвар бахшида шудааст, беш аз ҳама заҳматҳои шаборӯзии ин шахсияти таърихиро дар роҳи ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар ҷомеаи тоҷик, бозгардондани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, қабули Конститутсия ва истиқрори сохти давлатии ҷумҳурӣ инъикос мекунад. Бо забонҳои англисию фаронсавӣ китоб мутаносибан бо унвони THE ARCHITECT OF PEACE ва L,ARCHITECTE DE LA PAIX бо сифати баланд ба нашр расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.