Суғд: Ҳалокати 6 нафар дар садамаҳои нақлиёт

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиёт 6 тан ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбе дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ автомашинаи тамғаи «BMW» таҳти идораи сокини 24-солаи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов Далер Умаров ба автомашнаи боркаши КАМАЗ бархӯрда, дар натиҷа ронандаи автомашинаи […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиёт 6 тан ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбе дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ автомашинаи тамғаи «BMW» таҳти идораи сокини 24-солаи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов Далер Умаров ба автомашнаи боркаши КАМАЗ бархӯрда, дар натиҷа ронандаи автомашинаи сабукрав ва мусофирони он – Нусрат Давронови 32-сола ва Зарнисор Темирови 17-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Дар садамаи дигар дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров боз як нафар фавтид. Дар ин садама автомашинаи «Мерседес-Бенс» таҳти идораи сокини 25-солаи ин ноҳияи Ҳотам Холматов аввал ба автомашинаи «БМВ» таҳти идораи сокини 22-солаи вилояти Ботканди Қирғизистон Шерзод Бобораҳимов ва сипас ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» таҳти идораи Ҳалим Саидмуродови 41-сола бархӯрда, дар натиҷа ронандаи «Опел» ва мусофири он ҷароҳат бардоштаанд. «Мусофири «Мерседес» Ғулом Нишонов дар бемористон ба ҳалокат расида, ронандаву мусофирони «БМВ» осеб надидаанд», – гуфтанд дар раёсат.

Бино ба маълумоти Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар роҳҳои шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷуммҳурӣ 207 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 222 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 97 нафар ҳалок (соли 201 – 104 нафар) ва 218 тан (соли 2011 – 225 тан) ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.