Ҷаноби Ллойд Пакстон ба вазифаи Директори генералии ширкати «Сомон Эйр» таъин гардида, дар ин вазифа Алишер Рустамовро, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ба вазифаи нав таъин гардидааст, иваз намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти ҶДММ «Ширнкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, барои Пакстон ин таъинот маънои бозгашти вай ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дорад, зеро пеш аз ин таъинот ӯ Президенти ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана» (Қазоқистон)-ро ба ӯҳда дошта, ҷиҳати пешрафти ширкати мазкур саҳми арзандаи худро гузоштааст.
Ба иттилои манбаъ, баъдан вай як муддати муайян дар вазифаи роҳбари ширкати ҳавопаймоии Малеви давлати Маҷористон фаъолият намудааст. Ҷаноби Ллойд Пакстон дар «Сомон Эйр» барои рушди ҳамаҷонибаи ширкат ва бо мақсади ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани иҷрои парвозҳо масъул мебошад. Ҳамчунин ба фаъолияти ширкат панҷ нафар мутахассисони хориҷие, ки ба наздикӣ ба Душанбе меоянд, ҷалб карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло ширкати «Сомон Эйр» дорои ду адад Боинги 737-900, ду адад Боинги 737-800, ду адад Боинги 737-300 мебошад. Ширкат парвозҳои худро ба самти шаҳрҳои асосии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин ба самти шаҳрҳои Франфурти лаби Майн, Истанбул, Дубай ва Урумчӣ анҷом медиҳад.


