Ллойд Пакстон директори генералии ширкати «Сомон Эйр» таъин шуд

Ҷаноби Ллойд Пакстон ба вазифаи Директори генералии ширкати «Сомон Эйр» таъин гардида, дар ин вазифа Алишер Рустамовро, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ба вазифаи нав таъин гардидааст, иваз намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти ҶДММ «Ширнкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, барои Пакстон ин таъинот маънои бозгашти вай ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дорад, зеро пеш […]


Ҷаноби Ллойд Пакстон ба вазифаи Директори генералии ширкати «Сомон Эйр» таъин гардида, дар ин вазифа Алишер Рустамовро, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ба вазифаи нав таъин гардидааст, иваз намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти ҶДММ «Ширнкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, барои Пакстон ин таъинот маънои бозгашти вай ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дорад, зеро пеш аз ин таъинот ӯ Президенти ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана» (Қазоқистон)-ро ба ӯҳда дошта, ҷиҳати пешрафти ширкати мазкур саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Ба иттилои манбаъ, баъдан вай як муддати муайян дар вазифаи роҳбари ширкати ҳавопаймоии Малеви давлати Маҷористон фаъолият намудааст. Ҷаноби Ллойд Пакстон дар «Сомон Эйр» барои рушди ҳамаҷонибаи ширкат ва бо мақсади ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани иҷрои парвозҳо масъул мебошад. Ҳамчунин ба фаъолияти ширкат панҷ нафар мутахассисони хориҷие, ки ба наздикӣ ба Душанбе меоянд, ҷалб карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳоло ширкати «Сомон Эйр» дорои ду адад Боинги 737-900, ду адад Боинги 737-800, ду адад Боинги 737-300 мебошад. Ширкат парвозҳои худро ба самти шаҳрҳои асосии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин ба самти шаҳрҳои Франфурти лаби Майн, Истанбул, Дубай ва Урумчӣ анҷом медиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.