Ташрифи Мишел Платини ба Тоҷикистон

Даҳаи дуюми моҳи октябр президенти Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) Мишел Платини ба Тоҷикистон меояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Турсунов хабар дод, сафари собиқ футболбози машҳури дастаи мунтахаби Фаронса ва феълан роҳбари УЭФА ба Тоҷикистон дар доираи боздиди ӯ аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ анҷом мепазирад. Ба қавли Турсунов, […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Даҳаи дуюми моҳи октябр президенти Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) Мишел Платини ба Тоҷикистон меояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Турсунов хабар дод, сафари собиқ футболбози машҳури дастаи мунтахаби Фаронса ва феълан роҳбари УЭФА ба Тоҷикистон дар доираи боздиди ӯ аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ анҷом мепазирад.

Ба қавли Турсунов, Платини баъди боздид аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. «Ҳарчанд то ҳанӯз барномаи сафари Мишел Платини ба Тоҷикистон таҳия нагардида бошад ҳам, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ӯ бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дидору гуфтушунид хоҳад кард», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли гузашта низ Федератсияи футболи Тоҷикистон эълом дошта буд, ки Мишел Платини аз Тоҷикистон боздид мекунад, вале бо сабабҳои номаълум, сафари ӯ мавқуф гузошта шуда буд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.