Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон

Дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ омодагиҳо барои таҷлили Рӯзи забон идома дорад. Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, барномаи фарҳангии ҷашни Рӯзи забон бо лаҳзаи театрӣ бо иштироки Ҳунармандони Халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров ва Ортиқ Қодиров оғоз ёфта, дар барномаи консертии он ансамбли «Шашмақомхонон»-и Кумитаи телевизион ва […]

ASIA-Plus


Дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ омодагиҳо барои таҷлили Рӯзи забон идома дорад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, барномаи фарҳангии ҷашни Рӯзи забон бо лаҳзаи театрӣ бо иштироки Ҳунармандони Халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров ва Ортиқ Қодиров оғоз ёфта, дар барномаи консертии он ансамбли «Шашмақомхонон»-и Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев, ансамбли рақсии «Гулрез» ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Дар барнома ҳамчунин ҳунармандони шинохта Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, Хуршед Иброҳимов, Озода Ашурова, гуруҳи балетии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва ҳамсароёни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ низ ширкат хоҳанд варзид.

Ба иттилои манбаъ, таҳияи барномаи фарҳангӣ ба зиммаи коргардонҳо Давлат Убайдуллоев ва Ориф Набиев гузошта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.