Оғози парвандаи маъмурӣ нисбати сармуҳаррири ТВ «Ҷаҳоноро»

Прокуратураи вилояти Суғд нисбати рӯзноманигори телевизиони «Ҷаҳоноро»-и шаҳри Ғафуров оид ба қонуншикании маъмурӣ парванда боз кард. Ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва рӯзноманигрони вилояти Суғд Муҳаббат Ҷӯраева бар ин назар аст, ки прокуратураи вилоят нисбати сармуҳаррири телевизиони «Ҷаҳоноро» Моҳира Воҳидова ғайриқогунӣ парванда оғоз намудааст. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Ҷӯраева изҳор кард, ки дар […]


Прокуратураи вилояти Суғд нисбати рӯзноманигори телевизиони «Ҷаҳоноро»-и шаҳри Ғафуров оид ба қонуншикании маъмурӣ парванда боз кард.

Ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва рӯзноманигрони вилояти Суғд Муҳаббат Ҷӯраева бар ин назар аст, ки прокуратураи вилоят нисбати сармуҳаррири телевизиони «Ҷаҳоноро» Моҳира Воҳидова ғайриқогунӣ парванда оғоз намудааст.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Ҷӯраева изҳор кард, ки дар робита ба ин масъала роҳбари телевизиони «Ҷаҳоноро» Маҳмудҷон Додобоев ба ӯ муроҷиат намуда, баён кардааст, ки дар барномаи «Ахбор»-и шабакаи мазкур доир ба ҳодисаи сӯхтор дар бозори «Корвон»-и пойтахт иттилоъ пахш шуд, ки он аз сомонаи хабаргузории TojNews гирифта шуда буд.

«Ӯ изҳор дошт, ки дарҳол пас аз анҷоми барнома роҳбари телевизионро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии вилоят даъват карда, бозпурсӣ намудаанд. Сипас ба прокуратураи вилоят даъват шуда, аз ӯ навиштани баёнотро талаб мекунанд ва хабар медиҳанд, ки далели истифодаи маводи хабаргузории TojNews қонунӣ аст. Аммо баъди чанд рӯз ба телевизион хабар мерасад, ки прокуратураи вилоят ба суд муроҷиат намуда, тасдиқ кардааст, ки шабакаи телевизионӣ талаботи моддаи 373-и Кодекси маъмурии ҶТ-ро риоя накарда, дар ин ҳолат қонуншиканӣ ҷой дорад», – ҳикоят кард мазмуни суҳбати худро бо роҳбари шабакаи «Ҷаҳоноро» Ҷӯраева.

Ба қавли вай, дар моддаи 373-и Кодекси маъмурии ҶТ ба қонуншиканӣ барои паҳнкунии маҳсулоти ВАО ва ҳамчунин хабару маводи оҷонсии хабаргузорӣ бидуни сабти ном ишора рафта, дар амали роҳбари шуъбаи иттилооти телевизиони «Ҷаҳоноро» қонуншиканӣ ҷой надорад, – гуфт Ҷӯраева. – ВАО-и мазкур ба қайд гирифта шуда, хабари пахшшуда аз сарчашмаи дигар – TojNews гирифта шудааст ва тибқи моддаи 36-и Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», агар ахбор аз сарчашмаи дигари иттилоотӣ гирифта шуда бошаду ба ин сарчашма ишора рафта бошад, пас дар ин ҳолат ВАО-и ин хабарро истифодакарда аз масъулият озод мегардад». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.