Прокурори генералии ҷумҳурӣ дар ҳузури президенти Украина

Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ, ки чанде қабл дар шаҳри Киев баргузор шуд, ширкат варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Прокуратураи генералии ҶТ хабар доданд, дар кори ҷаласа таҳти раёсати прокурори генералии Русия Юрий Чайка ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистону Украина, намояндагони […]


Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ, ки чанде қабл дар шаҳри Киев баргузор шуд, ширкат варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Прокуратураи генералии ҶТ хабар доданд, дар кори ҷаласа таҳти раёсати прокурори генералии Русия Юрий Чайка ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистону Украина, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви иттиҳод иштирок карданд.

Ҳайати иштирокдорони ҷаласаро президенти Украина Виктор Янукович ба ҳузур пазируфта, Шӯрои ҳамоҳангсозро заминаи асосии роҳандозии ҳамкориҳои судманди мақомоти прокуратураи кишварҳо ва фаъолияти онро пурсамар арзёбӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур ҷараёни иҷрои чорабиниҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, дигар зуҳуроти ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва тадбирҳои пешгирии нашъамандӣ барои солҳои 2011-2013 баррасӣ шуданд.

Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ 7-уми декабри соли 1995 таъсис дода шуда, ба ҳайати он прокуророни генералии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Украина шомил гардиданд. Санаи 25-уми январи соли 2005 Шӯрои ҳамоҳангсоз ба мақоми ниҳоди байнидавлатии ИДМ соҳиб шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.