Суғд: Осеби 6 ноболиғ дар садамаи нақлиёт

Дар вилояти Суғд як ноболиғ сари чанбараки автомашинаи падараш нишаста, аз ӯҳдаи идораи он намебарояд ва дар натиҷа мошин ба садама дучор мегардад. Бар асари садама ронанда ва панҷ нафар ҳамсолони ӯ осеб диданд. Бино ба иттилои Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, ин ҳодиса нимашаби рӯзи сешанбе дар ноҳияи Панҷакент рух додааст. Толибилми синфи […]


Дар вилояти Суғд як ноболиғ сари чанбараки автомашинаи падараш нишаста, аз ӯҳдаи идораи он намебарояд ва дар натиҷа мошин ба садама дучор мегардад. Бар асари садама ронанда ва панҷ нафар ҳамсолони ӯ осеб диданд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, ин ҳодиса нимашаби рӯзи сешанбе дар ноҳияи Панҷакент рух додааст. Толибилми синфи 9 Акбар Воситов дӯстонашаро бо автомашинаи тамғаи «Ланос»-и падараш ба саёҳат бурданӣ шуда, вале дар роҳи мошингарди Панҷакент-Айнӣ, дар қаламрави деҳоти Шӯрноваи Поёни ҷамоати Саразм ӯ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина чаппа мешавад.

Ҳамаи ноболиғон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент бистарӣ шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.