БОР пешгӯии рушди Тоҷикистонро боло мебарад

Бонки осиёгии рушд (БОР) пешгӯии худ оид ба рушди Тоҷикистон дар соли 2012-ро бинобар сабаби аз интизорӣ зиёдтар афзудани ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ бозбинӣ намуд. Дар нашрияи иқтисодии «Гузориши рушди Осиё-2012» БОР пешгӯии афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро аз 5,5%-и пешбинишуда дар моҳи апрел то 6,5% боло бурд. «Ба иллати ҳаҷми бузурги воситаҳои пулӣ бахши […]


Бонки осиёгии рушд (БОР) пешгӯии худ оид ба рушди Тоҷикистон дар соли 2012-ро бинобар сабаби аз интизорӣ зиёдтар афзудани ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ бозбинӣ намуд.

Дар нашрияи иқтисодии «Гузориши рушди Осиё-2012» БОР пешгӯии афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро аз 5,5%-и пешбинишуда дар моҳи апрел то 6,5% боло бурд.

«Ба иллати ҳаҷми бузурги воситаҳои пулӣ бахши хизматгузорӣ муҳаррики асосии афзоиш боқӣ монда, дар нимсолаи аввали соли равон он ба андозаи 19,6% зиёд шуд», – гуфта мешавад дар гузориши нашрия.

Ба қавли иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Асел Ченгишева, афзоиши саноат дар ин давра ба сурати умум 12,1%-ро ташкил дода, дар саноати кӯҳкориву коркард он мутаносибан ба 18% ва 12,7% ва дар бахши кишоварзӣ ба 10,1% баробар шудааст.

Сатҳи миёнаи таваррум аз 12,5%-и соли 2011 дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 4,6%-ро ташкил додааст. Дар гузориш қайд мешавад, ки соли 2012 сатҳи таваррум 7,5% ва соли 2013 – 8,5%-ро ташкил хоҳад дод.

Дар идомаи гузориш гуфта мешавад, дар зарфи 6 моҳи соли равон асосан ба иллати коҳиши ҳаҷми содироти пахта ва алюминий ҳаҷми содирот 2,5% кам гардида, ҳаҷми воридот дар ин давра 15,1% афзудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ба узвияти Бонки осиёгии рушд соли 1998 пазируфта шуд. Аз он замон БОР дар шакли қарзҳои хурд, бурсҳо ва кӯмаки техникӣ ба Тоҷикистон беш аз 966 млн. доллари ИМА ҷудо кард.

Ҳадафи асосии фаъолияти Бонки рушди Осиё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо роҳи пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, рушди устувори экологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Бонки мазкур соли 1966 таъсис ёфта, қароргоҳи асосии он дар Манила воқеъ аст. Бонк айни ҳол 67 мамлакатро муттаҳид менамояд, ки 48 кишвари он дар минтақа воқеанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.