Мизи гирди «Русияву Тоҷикистон дар манзари ҳамгиройии авруосиёӣ» дар Маскав

Имрӯз дар маркази матбуотии байнулмилалии хабаргузории РИА «Новости» дар шаҳри Маскав таҳти унвони «Русияву Тоҷикистон дар манзари ҳамгиройии авруосиёӣ» мизи гирд доир мегардад, ки ба сафари қарибулвуқӯи президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар кори мизи гирд баррасии масоили сармоягузории бузургмиқёс ба иқтисоди Тоҷикистон, лоиҳаҳои рушди муштараки Тоҷикистону Русия, дурнамои таъсиси Корпоратсияи рушди […]


Имрӯз дар маркази матбуотии байнулмилалии хабаргузории РИА «Новости» дар шаҳри Маскав таҳти унвони «Русияву Тоҷикистон дар манзари ҳамгиройии авруосиёӣ» мизи гирд доир мегардад, ки ба сафари қарибулвуқӯи президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар кори мизи гирд баррасии масоили сармоягузории бузургмиқёс ба иқтисоди Тоҷикистон, лоиҳаҳои рушди муштараки Тоҷикистону Русия, дурнамои таъсиси Корпоратсияи рушди Осиёи Марказӣ, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва минбаъд ба Иттиҳоди Авруосиё, мушкилоти муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияту устуворӣ дар минтақа дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки президенти Русия Владимир Путин 4-уми октябри соли равон ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Интизорӣ меравад, ки зимни гуфтушунид дар сатҳи олӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, робитаҳои гуманитарӣ ва таъмини амният, ҳамкориҳо дар созмону иттиҳодҳои ҳамгиройӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо атрофи мушкилоти минтақавӣ табодули назар хоҳанд намуд. Аз рӯйи натоиҷи гуфтушунидҳо имзои созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.

Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки зимни сафари Путин ба Душанбе масъалаи ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.

Қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки то имрӯз ҷонибҳо сари масъалаи муҳлати ҳузури минбаъдаи пойгоҳ ба мувофиқа расида наметавонанд.

«Русия исрор дорад, ки шартномаи нав ба муҳлати 49 сол ба имзо расад. Тоҷикистон бошад, муҳлати минбаъдаи 30 солро пешниҳод намуда, исрор меварзад, ки оғози муҳлати шартнома аз соли 1993, яъне аз замони ба салоҳияти Русия гузаштани дивизияи 201-ум ҳисоб шавад», – гуфта буд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳукумат аз эҳтимол дур намедонанд, ки зимни гуфтушунидҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муҳлати имзои шартномаро мустақилона муайян мекунанд. «Ҳамчунин имзои нақшаи байниҳукуматӣ «Дар бораи таҷдиди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон» бо мусоидати Русия низ дар назар аст», – зикр карда буд манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон шояд созишномае ба имзо расад, ки мутобиқи он, шаҳрвандони кишварҳо бидуни қайд дар қаламрави кишварҳо 15 рӯз будубош дошта бошанд.

«Ғайр аз ин, имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ низ дар назар буда, дар ин масъала мувофиқасозии ҳаҷми солонаи воридоти маҳсулот боқӣ мондааст, зеро Русия аз содироти дубораи ин маҳсулот аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигари минтақа нигарон аст», – изҳор дошта буд сарчашмаи хабар.

Дар ҳукумат ҳамчунин зикр карда буданд, ки дар ҷараёни сафари Путин масоили аз эътибор соқит кардани қарзи Тоҷикистон дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» низ баррасӣ шуда, ба Русия пешниҳод мегардад, ки дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду миёна дар Тоҷикистон ширкат варзад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.