Дар рейтинги ФИФА Тоҷикистон шаш зина боло рафт

Date:


Дар рейтинги нави Федератсияи байнулмилалии футболи ҷаҳон (ФИФА), ки чанде қабл дар сомонаи ин федератсия нашр шуд, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон шаш зина боло рафта, айни замон дар мақоми 136-ум қарор дорад.

Дар рейтинги дастаҳои мунтахаби футболи Осиё низ дастаи Тоҷикистон мақоми худро беҳтар намуда, феълан зинаи 18-умро ишғол мекунад.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо моҳи гузашта дастаи Тоҷикистон соҳиби боз 22 имтиёз гардида, миқдори имтиёзҳояш ба 220 балл расид. Дастаи Бурунди бо 232 балл дар мақоми 135 ва тими Нигер бо 218 балл дар зинаи 137-ум қарор доранд.

Миёни дастаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дастаи Тоҷикистон мақоми 12-умро ишғол намуда, пеш аз дастаҳои Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷойгир шудааст. Беҳбуди мавқеи дастаи Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА-ро ба ғалабаи футболбозони тоҷик бар дастаи Қатар дар Олмон ба ҳисоби 2 бар 1 нисбат медиҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...