Дар рейтинги ФИФА Тоҷикистон шаш зина боло рафт

Дар рейтинги нави Федератсияи байнулмилалии футболи ҷаҳон (ФИФА), ки чанде қабл дар сомонаи ин федератсия нашр шуд, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон шаш зина боло рафта, айни замон дар мақоми 136-ум қарор дорад. Дар рейтинги дастаҳои мунтахаби футболи Осиё низ дастаи Тоҷикистон мақоми худро беҳтар намуда, феълан зинаи 18-умро ишғол мекунад. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи […]


Дар рейтинги нави Федератсияи байнулмилалии футболи ҷаҳон (ФИФА), ки чанде қабл дар сомонаи ин федератсия нашр шуд, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон шаш зина боло рафта, айни замон дар мақоми 136-ум қарор дорад.

Дар рейтинги дастаҳои мунтахаби футболи Осиё низ дастаи Тоҷикистон мақоми худро беҳтар намуда, феълан зинаи 18-умро ишғол мекунад.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо моҳи гузашта дастаи Тоҷикистон соҳиби боз 22 имтиёз гардида, миқдори имтиёзҳояш ба 220 балл расид. Дастаи Бурунди бо 232 балл дар мақоми 135 ва тими Нигер бо 218 балл дар зинаи 137-ум қарор доранд.

Миёни дастаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дастаи Тоҷикистон мақоми 12-умро ишғол намуда, пеш аз дастаҳои Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷойгир шудааст. Беҳбуди мавқеи дастаи Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА-ро ба ғалабаи футболбозони тоҷик бар дастаи Қатар дар Олмон ба ҳисоби 2 бар 1 нисбат медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.