Дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими муаррифии китоби Наҷотбахши миллат, ки бо забонҳои англисию фаронсавӣ дар шаҳри Брюсел – пойтахти Шоҳигарии Белгия ба тозагӣ нашр гардид, баргузор шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими муаррифии ин китоб, ки таҳти унвонҳои англисии The architect of peace ва фаронсавии L’architecte de la paix бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия аз ҷониби ширкати аврупоии Биг Медиа Груп (Big Media group) тарҷума ва нашр шудааст, бо иштироки Ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Саидаҳмад Одинаев, Президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп Тию Кейперс, Директори институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Раҳим Масов ва дигар олимону коршиносони маъруф аз дохил ва хориҷи кишвар ҷараён гирифт.
Тавре зикр гардид, дар китоби «Наҷотбахши миллат», ки ба истиқболи солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба фаъолияти гуногунпаҳлуи Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар зарфи 20 соли охир бахшида шудааст, муаллифони он профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода ва номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров, пеш аз ҳама, заҳматҳои шаборӯзии ин шахсияти таърихиро дар роҳи ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар ҷомеа, бозгардондани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, қабули Конститутсия ва истиқрори сохти давлатии ҷумҳурӣ инъикос мекунад.
Дар ин китоб бар асоси сарчашмаҳои дақиқ саъю кӯшишҳои хастанопазири Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои душвортарини даврони ҷангӣ ва баъдиҷангӣ, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ки натиҷаи муштоқонааш Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шуд, дарҷ гардидааст. Як бахши муҳими китоб ба шарҳи ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар муайяну мушаххас намудани сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон татбиқи босамари он дар арсаи минтақа ва ҷаҳон бахшида шудааст.
Чунонки иттилоъ дода шуд, шарҳи мазмуну муҳтавои ин китоб, ҳамчунин дар мақолае зери унвони Меъмори сулҳ дар шумораи 36-уми маҷаллаи аврупоии «Diplomatic World» (Олами дипломатӣ) дар ҳаҷми 5 саҳифа нашр гардидааст.
Дар нишасти имрӯза, ҳамчунин шумораи навбатии маҷаллаи The european times, ки пурра ба Тоҷикистон бахшидааст, аз ҷониби ноширони он ва Шариф Раҳимзода муаррифӣ шуд. Ин шумораи навбатии маҷалла бо теъдоди 500 ҳазор нусха чоп шуда, ҳамчунин дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҷойгир шудааст, ки аллакай беш аз 1 миллион хонандагон бо он шиносоӣ пайдо намудаанд.


