Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Олмон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Йоахим Гаук, президенти Олмон ба муносибати солгарди фархундаи ҷашни миллии ин кишвар барқияи табрикотӣ ирсол намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки тайи солҳои охир равобит ва ҳамкории ду кишвар хислати муназзам ва васеъ касб кард, ки бешак ба манфиати халқҳо ва кишварҳост. Дар […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Йоахим Гаук, президенти Олмон ба муносибати солгарди фархундаи ҷашни миллии ин кишвар барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки тайи солҳои охир равобит ва ҳамкории ду кишвар хислати муназзам ва васеъ касб кард, ки бешак ба манфиати халқҳо ва кишварҳост.

Дар идома сарвари давлати Тоҷикистон изҳори умедворӣ мекунад, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши беш аз пеш хоҳанд ёфт.

«Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳарчӣ бештари ин муносибатҳо, ки дар айни замон омили муҳими таъмини сулҳу субот ва ҳамкории созанда дар минтақа мебошанд, саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод», – гуфта мешавад дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки соли 1990 қаламрави мутаалиқ ба Ҷумҳурии Демократии Олмон ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳамроҳ шуда, дар майдони назди рейхстаг парчами давлатии ҶФО барафрохта шуд. Аз он замон санаи 3-юми сентябр дар Олмон ҳамчун иди миллӣ – Рӯзи ваҳдати олмониҳо ҷашн гирифта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.