Ҳамоиш оид ба рушди устувори манотиқи кӯҳистони ОМ дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе Ҳамоиши серӯза оид ба рушди устувори манотиқи кӯҳистони Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи тадорукоти ҳамоиши мазкур хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Фаронса, Олмон, Англия, Муғулистон, Афғонистон, Русия ва Қафқоз ширкат варзида, атрофи масоили мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим, коҳиши хатари офатҳо, ҳифзи […]


Имрӯз дар Душанбе Ҳамоиши серӯза оид ба рушди устувори манотиқи кӯҳистони Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи тадорукоти ҳамоиши мазкур хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Фаронса, Олмон, Англия, Муғулистон, Афғонистон, Русия ва Қафқоз ширкат варзида, атрофи масоили мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим, коҳиши хатари офатҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ, амнияти ғизоӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ табодули назар хоҳанд кард.

«Ба масоили ислоҳоти истифодаи замин, такмили механизми қабули қарор ва ҳамоҳангсозӣ барои паҳни идоракунии захираҳои замин бо назардошти таҷрибаи мавҷуда дар ин соҳа ва тарҳрезиву идоракунии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», – гуфтанд дар Кумитаи тадорукот.

Ба иттилои манбаъ, тибқи натоиҷи кори ҳамоиш оид ба пешбурди идоракунии захоири замин тавассути сиёсату усулҳо, стратегия ва тарҳҳо дар сатҳи миллӣ бо шумули мусоидат ба омӯзиш, омодагии касбӣ ва ҳамчунин барномаи таъмини баробарии имконот барои занон бахусус нисбати дастрасӣ ба замин, қарзҳо ва иттилоот тавсияву пешниҳодот ба ҳукумат ироа мегарданд.

«Табодули интерактивии таҷриба аз ҳисоби пойгоҳи донишҳо оид ба рушди устувори идоракунии захоири замин дар шабакаи Интернет сурат хоҳад гирифт, ки аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таъсис ва идора карда шуда, дар ин ҳамоиш муаррифӣ хоҳад гардид», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки дар доираи кори Ҳамоиш аз озмунҳо миёни рӯзноманигорону аксбардорон, ки аз ҷониби созмони САМР Кӯҳистон бо дастгирии молиявии созмони хайрияи Оксфам дар Тоҷикистон эълон гардида буд, натиҷагирӣ хоҳад шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.