Таҳияи рӯйхати ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як рӯйхати иборат аз 500 нафар сокинони вилояти Хатлонро, ки ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев мебошанд, таҳия намудаанд. Бино ба иттилои хабаргузории REGNUM, дар ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар ин бора хабар дода шудааст. Дар ҷаласаи мазкур зикр гардидааст, ки дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як оилае, ки «ба […]

ASIA-Plus


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як рӯйхати иборат аз 500 нафар сокинони вилояти Хатлонро, ки ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев мебошанд, таҳия намудаанд. Бино ба иттилои хабаргузории REGNUM, дар ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар ин бора хабар дода шудааст.

Дар ҷаласаи мазкур зикр гардидааст, ки дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як оилае, ки «ба иҷрои супоришҳои Ӯзбекистон» машғул будааст, боздошт гардида, онҳо муддати 7 соли ахир дар Ӯзбекистон ба сар бурдаанд. Ҳукуматдорони кишвари ҳамсоя фарзандони онҳоро гирифта, маҷбур кардаанд, ки ба Тоҷикистон барои иҷрои супоришҳои махсус баргарданд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Маҳмуд Худойбердиев яке аз қумондонҳои саҳроии бонуфузи Фронти халқӣ маҳсуб меёфт, ки дар сари қудрат омадани ҳукуматдорони кунунӣ саҳми арзанда дорад.

Аммо соли 1996 дар минтақаи ҷануб ва соли 1998 дар вилояти Суғд алайҳи ҳукумат ошӯб бардошта, сипас дар қаламрави Ӯзбекистон паноҳ бурд. Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон борҳо аз кишвари ҳамсоя истирдоди ӯро дархост карда бошад ҳам, лекин то ҳанӯз ин кӯшишҳо бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

Баъдтар ҳудуди 100 нафар ҳаммаслакони Маҳмуд Худойбердиев ба муҳлатҳои гуногуни зиндон ва қисмате аз онҳо ба ҳукми қатл маҳкум шуданд.

Акнун мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки назди 170 нафар ҷонибдорон полковники ошӯбгар аз ҳисоби сокинони ин вилоят дар қаламрави Русия мебошанд. Аз ин шумор 36 нафар таҳт пайгарди қонунӣ қарор доранд. Соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳафт тан аз ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиевро боздошт намуданд, ки дар содир кардани ҷиноёти гуногун муттаҳам карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.