Имрӯз дар ҳошияи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар Душанбе вохӯрии доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар баргузор мешавад.
Вохӯрӣ дар маҷмаии «Душанбе-Плаза»-и пойтахт доир гардида, аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъияии Тоҷикистон созмон дода шудааст.
Созмондиҳандагони чорабинӣ зикр мекунанд, ки баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи доираи тиҷоратии кишварҳо, ҷалби бештари сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва баррасии масъалаи узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумпукӣ аз ҳадафҳои аслии вохӯрӣ мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Нимаи имрӯз дар маҷмаии «Кохи миллат» нахуст гуфтушуниди танҳо ба танҳои сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва сипас ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб доир мегардад.
Бино ба маълумоти хадамотиматбуоти сарвари давлат, зимни гуфтушуниди созанда маҷмӯи васеи масоили сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ хоҳад шуд. Пас аз музокирот ба имзо расидани як зумра санадҳои муҳим доир ба рушди ҳамкории минбаъдаи ду шарики стратегӣ дар назар аст.



