Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ният дорад, ки ба муносибати таҷли иди касбии омӯзгорон як чорабинӣ доир намояд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб, вакили парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ дар ин робита изҳор дошт, ки чорабинӣ рӯзи 6-уми октябр дар қароргоҳи марказии ҳизб баргузор шуда, беҳбуди ҳамкории мутақобилаи мактабу дин дар таълими насли наврас аз ҷумлаи ҳадафҳои он мебошад.
«Мо ҳама як ҳадаф дорем, ки он ҳам тарбияи насли навраси саводноку бомаърифат ва хушахлоқ аст», – зикр кард раиси ҲНИТ.
Ба гуфтаи ӯ ба чорабинӣ омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, намояндагони Вазорати маориф, мақомоти расмии динӣ ва волидайни толибилмон даъват шудаанд.
«Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки то чорабинӣ номзади арзанда, собиқадори бахши маорифро муайян намуда, ба ӯ аз номи ҳизб туҳфаи хотиравӣ тақдим кунем», – афзуд М.Кабирӣ.



