Мусодираи беш аз 160 кило маводи мухаддир дар ҷануби ҷумҳурӣ

Дата:


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари роҳандозии силсилаамалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи баргузории амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2012» дар ноҳияҳои наздимарзии Шӯрообод ва Қумсангири вилояти Хатлон аз  гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ бештар 102 кило каннабис ва 58 кило ҳашиш мусодира намуданд.

Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, маводҳои пайдошуда дар дохили халтаҳо ҷобаҷо карда шуда буданд ва шаклу намуди зоҳирии гуногун доштанд. «Масалан, дар шакли пресскардашуда ва тахтамонанди қаҳваранг, ҳамчунин бастаҳои дорои моддаҳои чубчамонанди рангашон кабуди торик бо бӯи махсус», – гуфтанд дар АНМН. 

Ба иттилои манбаъ, лабораторияи ташхиси судии Агентӣ бештар аз 160 кило ҳашиш ва каннабис будани маводи мусодирашударо тайид кард.

Зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои шиносоӣ ва боздошти шахсони алоқаманд ба ин амали ҷиноӣ тадбирҳо андешида мешавад.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное