Афзоиши содироти масолеҳи сохтмон аз Тоҷикистон

Соли равон як қатор корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмони Тоҷикистон содироту фурӯши масолеҳи худро дар хориҷи кишвар ба роҳ монданд. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 44,5 ҳазор тонна қуми квартсӣ ба маблағи 1 миллиону 111 ҳазору 750 доллари ИМА содирот шудааст. Ба иттилои манбаъ, […]


Соли равон як қатор корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмони Тоҷикистон содироту фурӯши масолеҳи худро дар хориҷи кишвар ба роҳ монданд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 44,5 ҳазор тонна қуми квартсӣ ба маблағи 1 миллиону 111 ҳазору 750 доллари ИМА содирот шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра корхонаҳои кишвар 36,1 тонна рангҳои ҳархела ба маблағи 20 ҳазор доллари ИМА, 76,8 тонна андоваи минералӣ (шпатлевка) ба маблағи 43,3 ҳазор доллари ИМА ва 4,9 тонна таҳранг (грунтовка) низ ба Қирғизистону Афғонистон содирот карданд.

Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мебошад.

Маҳсулоти асосие, ки аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бароварда мешавад, алюминии аввалия ва нахи пахта аст. Дар нимсолаи аввали соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 140 ҳазор тонна алюминии авввалия ва қариб 65 ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст. Ҳамчунин маҳсулоти рустанӣ, маҳсулоти минералӣ , дӯзандагӣ, фулузоти арзон ва ғайра низ содирот мешавад.

Ғайр аз ин, дар мавсими гармо ба кишвари ҳамсояи Афғнистон дар ҳаҷми начандон зиёд нерӯи барқ низ интиқол дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.