В.Путин: Пойгоҳи низомии Русия то соли 2042 дар Тоҷикистон боқӣ мемонад

Миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон ба муддати 30 соли минбаъда созишнома ба имзо расид. Дар зери созишномаи мазкур вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков имзо гузоштанд. Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, созишнома ба ивази созишномаи амалкунанда, ки муҳлати амалаш соли 2014 ба итмом мерасад, […]


Миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон ба муддати 30 соли минбаъда созишнома ба имзо расид.

Дар зери созишномаи мазкур вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков имзо гузоштанд.

Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, созишнома ба ивази созишномаи амалкунанда, ки муҳлати амалаш соли 2014 ба итмом мерасад, таҳия шудааст. «Созишномаи нав муддати 30 сол – то соли 2042 амал мекунад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ёвари президенти Русия Юрий Ушаков, шартҳои тамдиди ҳузури пойгоҳи низомӣ «қариб ройгонанд».

«Дар ин созишнома шароити ба таври кофӣ мусоиди пардохти иҷорапулӣ пешбинӣ шудааст: барои ҳузури пойгоҳи низомӣ қариб иҷорапулие пардохт намегардад, – гуфт Ушаков. – Албатта, пардохти маблағҳое ҳам пешбинӣ шудаанд, аммо мо ин пойгоҳро қариб дубора ройгон истифода хоҳем кард».

Вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия ҳамчунин Меморандум дар бораи шартҳои ҳамкорӣ дар бахши низомӣ миёни вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишварро низ ба имзо расониданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.