ИА бори дигар лағви ҷазои қатлро таъкид менамояд

Дата:


Ҳамасола санаи 10-уми октябр Рӯзи аврупоӣ ва ҷаҳонии мубориза бар зидди ҷазои қатл ҷашн гирифта мешавад. 

Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабр доданд, Иттиҳоди Аврупо муқобили истифодабарии ҷазои қатл дар ҳар сурат ва шароит изҳори назар мекунад.  Лағви умумиаш – ин яке аз вазифаҳои сиёсати ИА дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад. 

Кэтрин Эштон, Вакили олии корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарии ИА, Ноиб-президенти Комиссия гуфт: «Ҷазои қатл ин амали бераҳмона, сангдилона ва бебозгашт мебошад, ки ҳуқуқи асосии инсон барои ҳаёт ва шаъну шарафро поймол мекунад. Дар сурати ҳар кадом хатогии судӣ, ки аз он ҳеҷ як сохтори қонунӣ муҳофиза карда нашудааст, маънои даҳшатнок ва бебозгашт аз даст додани ҳаёти инсонро дорад.  Ҷазои қатл на қобили бекор кардани ҷиноятро, ки вай барояш ҳамчун ҷазо муқаррар карда шуд, на қобили пур кардани талафи аз тарафи қурбонӣ зарардидаро, мебошад».

Иттиҳоди Аврупо дар эътироф накардани ҷазои қатл боз таъкид менамояд ва васоити мухталифи дипломатиро дар ихтиёри худ дошта, аз он ҷумла изҳорот, баёнот ва муколамот оид ба ҳуқуқи инсон ҳамроҳ бо шариконаш ба кор мебарад то ин, ки дар саросари ҷаҳон лағви ҷазои қатлро ба даст орад.   Ҳаракат барои лағви ҷазои қатл – ин яке аз афзалиятҳои асосии Чорчӯбаи стратегӣ ва Нақшаи амалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва демократия дар наздикӣ тасвиб карда шуда ва инчунин дар чорчӯбаи Воситаи аврупоии мусоидат ба демократия ва ҳуқуқи инсон (ЕИДПЧ), мебошад.

Дар муддате ки тамоюлоти ҷаҳонӣ ба сӯи лағви ҷазои қатл давом ёфтааст, 20 аз 58 мамолики ҷаҳон, ки дар онҳо ҷазои қатл ҳанӯз вуҷуд дорад, иҷрокунии ҷазои қатлро бо суръати изтиробовар идома дода истодаанд. ИА кишварҳои, ки дар онҳо ҷазои қатл ҳанӯз вуҷуд дорад бо исрор водор менамояд то ин, ки истифодабарии он торафт зиёдтар маҳдуд карда шавад ва стандартҳои ақаллии байналхалқӣ дар кулли ҷаҳон тасдиқшуда риоя карда шаванд. 

ИА маъракаи фаъоли мубориза бар зидди ҷазои қатл мегузаронад ва дар маҷлисҳои чандҷониба, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид дар қабул кардани қарор дар бораи ҷорӣ намудани маратория болои истифодабарии ҷазои қатл дар давоми 67-ум ҷаласаи умумии СММ саҳми худро мегузорад. ИА, мисли пешина, ҳаммаи давлатҳо даъват менамояд то ин, ки ба Муколамаи дуюми ихтиёрии Созишномаи байналхалқии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, асостарин воситаи байналмилалии СММ роҷеъ ба лағви ҷазои қатл, ҳамроҳ шаванд. 

Илова бар нақшаи барҷастаи худ дар дастгирии талошҳои ташкилотҳои шаҳрвандӣ, ки барои бадастовардани лағви ҷазои қатл равона кардашудаанд, ИА нахустин ташкилоти минтақавӣ мебошад, ки қойдаҳои мунъкунандаи савдои молҳое, ки барои иҷрокунии ҷазои қатл (ё барои шиканҷа ва муомилаи бераҳмона), ва барои додани ёрии машваратӣ марбут ба ҳамин гуна молҳо истифода карда мешаванд, қабул кард.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное