Гуфтушуниди интиқоли газ аз Ӯзбекистон моҳи ноябр оғоз мегардад

«Тоҷиктрансгаз» ният дорад, ки моҳи ноябр гуфтушунидҳо бо ширкати «Ӯзбектрансгаз» оид ба интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ дар соли 2013-ро оғоз намояд. Тавре аз ширкати «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, феълан дар мавриди интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя мушкилоте ҷой надошта, масоили мавриди ихтилофи тарафайн оид ба интиқоли газ дар соли равон ҳанӯз моҳи апрел ҳал […]

Заррина Эргашева


«Тоҷиктрансгаз» ният дорад, ки моҳи ноябр гуфтушунидҳо бо ширкати «Ӯзбектрансгаз» оид ба интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ дар соли 2013-ро оғоз намояд.

Тавре аз ширкати «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, феълан дар мавриди интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя мушкилоте ҷой надошта, масоили мавриди ихтилофи тарафайн оид ба интиқоли газ дар соли равон ҳанӯз моҳи апрел ҳал гардида буданд.

«Мувофиқи қарордод, соли 2012 мо аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намоем, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад», – изҳор карданд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ба шумор рафта, нархи 1 ҳазор метри мукааби газ барои онҳо дар соли равон 380 $ муқаррар шудааст.

«Имрӯз бо гази табиӣ танҳо як қисмате аз аҳолии пойтахт таъмин буда, зиёда аз 90%-и аҳолии кишвар бинобар сабаби гарон будани гази табиӣ аз он истифода намекунанд», – афзуданд дар ширкат. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.