Дар доираи татбиқи лоиҳа таҳти унвони «Маъракаи мақсадноки боло бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ барои беҳтар намудани ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» (AWARE, ки) аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, дар Душанбе оид ба мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар хусуси Сохтори мубодилаи маълумоти экологӣ» семинари миллӣ доир гардид.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, дар семинари мазкур бо мақсади муҳокимаи имкониятҳои татбиқ намудани Сохтори мубодилаи маълумоти экологӣ (СММЭ) дар Осиёи Марказӣ мутахассисони вазорату идораҳои масъул ба ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумоти экологӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу ғайридавлатӣ, ва инчунин мутахассисон аз давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ иштирок карданд.
Лоиҳаи AWARE муаррифиномаи махсусро оиди мақсад ва вазифаҳои лоиҳа дар Осиёи Марказӣ ва нақшаи иҷрокунии ӯ дар Тоҷикистон таҳия намуд. Иштирокчиён амалияи барпошуда барои мусоидати Сохтори мубодилаи маълумоти экологӣ дар минтақаи умумиаврупоӣ ва инчунин имкониятҳои татбиқаш дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Семинар ба намояндагони Ӯзбекистон, Қирғизстон, Қазоқистон ва Тоҷикистон барои баён кардани таҷрибаи худ дар соҳаи чамъоварӣ ва паҳнкунии маълумоти экологӣ имконият фароҳам овард..
Лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳоли барои ду сол (2012 – 2014) ба нақша гирифта шуда дар панҷ давлати Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизстон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад. Лоиҳа бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои боло бардоштани сатҳи огоҳӣ дар хусуси обҳои истеъмолшуда ва аз нав истифодашуда, ки камбудиҳоро дар идоракунии захираҳои обӣ мавриди мулоҳиза қарор медиҳанд, татбиқ карда мешавад.
Лоиҳа ҳамчун бо мақсади фароҳам сохтани имконияти ҳамкории ИА – ОМ оид ба масъалаҳои идоракунии фаъолияти ҳифзи муҳити зист тариқи мусоидати амалияи барпошуда монанди Сохтори мубодилаи маълумоти экологӣ ва инчунин бо мақсади фаъолкунонии иштироки соҳаи хусусӣ дар масоили истеъмолкунӣ ва истеҳсолоти устувори маҳсулоти озуқаворӣ ва босамарии истеъмолкунии нерӯ ҳамчун даромадгоҳ ба мушорикати давлатию хусусӣ татбиқ карда мешавад.





