Дархости журналистон бобати таҳқиқи садамаи Искандари Фирӯз

Чанде қабл Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил, «Медиа-алянси Тоҷикистон» ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо як дархост ҷиҳати таҳқиқи ҳодисаи садамаи нақлиёт бо иштироки журналисти бахши форси хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ба вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов муроҷиат намуданд. Дар изҳорот созмонҳои хабарнигории ҷумҳурӣ зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур шоми 9-уми […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил, «Медиа-алянси Тоҷикистон» ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо як дархост ҷиҳати таҳқиқи ҳодисаи садамаи нақлиёт бо иштироки журналисти бахши форси хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ба вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов муроҷиат намуданд.

Дар изҳорот созмонҳои хабарнигории ҷумҳурӣ зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур шоми 9-уми октябр дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт рух додааст. Тафсилоти воқеа ин аст, ки Искандар ҳамроҳи писараш Ҷавоншер савори мошини «Тойота Камри» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷониби Қарияи боло ҳаракат мекарданд ва дар наздикии Боғи ҳайвонот бо автомошинаи тамҒаи «Ландкрузер», ки аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар як соат ҳаракат мекард, бархӯрд ба амал омад.

«Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки пас аз ин садама ронандаи «Ландкрузер» фирор кардааст ва то ҳол аз ӯ хабаре нест. Кормандони БДА бевосита пас аз садам, эътироф карданд, ки ҳодиса бо айби ронандаи «Ландкрузер» рух додааст, аммо рӯзи дигар онҳо назари худро тағйир дода, мавриди тартиби протоколи рафти ҳодиса Искандари Фирӯзро гунаҳгор медонанд», – баён мегардад дар изҳорот.

Дар идома гуфта мешавад, чунин рафти таҳқиқ воқиан ҳам нигаронкунанда аст, зеро нисбати мунсифияти таҳқиқот ва муқаррар намудани ҳақиқати ҳол шубҳа эҷод мекунад.

«Бинобар ин, созмонҳои журналистӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш доранд, ки тафтишоти ҳодисаи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дода, ҷиҳати воқеъбинона ва мунсифона муайян намудани ҷониби гунаҳгор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ў ҳамаҷониба мусоидат намоед», – зикр мегардад дар фарҷоми изҳорот.

Дар ҳамин ҳол, аз Маркази миллии тиббӣ дар робита ба ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то ҳанӯз вазъи солимии Искандари Фирӯз хеле вазнин буда, ӯ дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.